Пайвандҳои дастрасӣ

Ба назар мерасад, ки баҳси миёни шаҳрдории Душанбе ва Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон вориди марҳалаи дигар шудааст.

Зеро шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо нашри гузорише вижа дар барномаи «Ахбор» -и шоми рӯзи 9-уми август эълон кард, ки аз шаҳрдори Душанбе узр нахоҳад хост.

Нашри навори интиқодӣ аз фаъолияти шаҳрдорӣ тавассути ин шабака дар моҳи майи соли ҷорӣ боис шуда буд, ки шаҳрдори Душанбе Шабакаи аввалро ба додгоҳ бикашад. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ин баҳсро ба манфиати шаҳрдорӣ ҳал ва Шабакаи аввалро водор кард, ки аз шаҳрдорӣ узр хоста ва дар робита ба ин навор раддия пахш кунад.

Дар гузорише, ки дар барномаи «Ахбор»-и шоми рӯзи 9 август нашр шуд, Шабакаи аввал бори дигар бар дурустии мавқеи худ таъкид ва шаҳрдориро интиқод кард, ки ҷойи ислоҳи вазъ хостори узрхоҳии ин шабака шудааст. Гузоришгари Шабакаи аввал бо ишораҳое ошкоро даъвои водор ба узрхоҳӣ кардани ин шабака аз сӯи раиси шаҳри Душанберо як амали иҷронашуданӣ ва ғайримантиқӣ арзёбӣ кард.

Вале қотеъияти мавқеи Шабакаи аввали Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаи мавриди Саймиддин Дӯстов

Саймиддин Дӯстов

баҳси ин расонаи давлатӣ бо Маҳмадсайид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии ин кишвар, ки нафари дуввум дар сатҳи роҳбарии давлат ба ҳисоб меравад, аз сӯи коршиносон ва таҳлилгарон ба гунаҳои мухталиф арзёбӣ мешавад. Зеро то ҳамин акнун расонаҳо ва бахусус расонаҳои давлатӣ аз танқиди Убайдуллоев ибо мекарданд ва аз тарафи дигар Шабакаи аввал як расонаи давлатӣ буда ва ҳеҷ гузорише бо чунин мазмуну муҳтавои ҳассос бидуни ризоияти мақомоти болоии кишвар пахш намешавад.

Саймуддин Дӯстов, масъули созмони иҷтимоии «Индем» дар шаҳри Душанбе бо зикри ин нукта, ки раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон танҳо ба худи раиси ҳукумати Тоҷикистон итоат мекунад, мегӯяд нашри ин гузориш фаротар аз як кори журналистист ва беҳадаф буда наметавонад. Зеро мегӯяд ҷаноби Дӯстов, ҳоло дар бархе аз доираҳои сиёсӣ аз шонси бартари ширкати Убайдуллоев дар интихоботи президентии соли 2013 сӯҳбатҳо мешавад.

Ба пиндори ҷаноби Дӯстов раиси Кумитаи радио ва телевизион шояд барои нашри ин гузориш дастури мустақим нагирифтааст, чун гумон намеравад, ки Убайдуллоев бо раиси ҷумҳурӣ вориди рақобат шавад, вале ҳадди ақал эҳсос кардааст, ки нашри он ба табъи раиси ҳукумати Тоҷикистон хуш хоҳад омад: «Ман фикр мекунам, ки дар ҳоли ҳозир агар фармон ё амри мушаххасе дар бораи онки Убайдуллоевро бояд интиқод кард набошад, ба гумони ғолиб сабаби ин гуна бархӯрд он аст, ки худи роҳбарияти телевизион эҳсос кардааст, ки барои ҳамчунин як кор агар сари онҳоро сила ҳам накунанд, ҳеҷ гапи баде онҳо нахоҳанд шунид.»

Аммо Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон мӯътақид аст, ки пахши ин навор рабте ба интихобот ва маъракаҳои сиёсӣ дар кишвар надорад. Ҳамзамон ҷаноби Мамадазимов низ тасдиқ мекунад, ки танқиди фаъолияти шаҳрдор Маҳмадсайид Убайдуллоев аз тариқи телевизиони давлатӣ бе таъсиргузории доираҳои муайян сурат намегирад. Вале мегӯяд ӯ инҷо бештар бархӯрди манофеи гурӯҳҳои молиявӣ дар заминаи нақшаи навсозии шаҳри Душанбе ба мушоҳида мерасад, ки шояд на ҳама барнома ва хостаҳои онҳо аз ҷониби шаҳрдор дастгирӣ ёфтааст:

Абдуғанӣ Маҳмадазимов

Абдуғанӣ Маҳмадазимов

"Ин лоиҳаҳо чандинмиллиона ҳастанд. Баъзе гурӯҳҳои тиҷоратӣ ҳастанд, ки ба ин лоиҳаҳои хеле фоидаовар онҳо дастнорас монданд ва онҳо бо ҳар роҳ метавонанд, ки қасди худашонро аз шаҳрдор гиранд. Хуб медонед, ки дар боло гурӯҳҳои нав ба нав пайдо шуда истодааст. Дар онҷо масъалаҳое ҳастанд, ки бо «ойила» робита доранд ва гурӯҳҳои дигар ҳаст. Ва онҳо метавонанд, ки бо маслиҳат ё бе маслиҳати мақомҳои аввал дар «бозиҳо» худашон иштирок кунанд."

Масъулони шаҳрдории Душанбе аз ибрози назар дар мавриди гузориши такрории Шабакаи аввал дар робита ба фаъолияти шаҳрдорӣ худдорӣ карданд. Вале як нафар аз эшон гуфт, ки онҳо танҳо аз роҳи қонун ва тариқи додгоҳ баҳсро пайгирӣ хоҳанд кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳаммад Ғоиб, мудири барномаҳои Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон низ гуфт, шикояти худро ба зинаҳои болоии додгоҳ ирсол кардаанд. Зеро мегӯяд ҷаноби Ғоиб, онҳо мутмаинанд, ки фаъолияти худро дар чаҳорчӯби қонун анҷом додаанд ва дар пайи кадом ҳадафи дигар нестанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG