Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримоти Амрико зидди Асад шадидтар хоҳад шуд


Мақомоти Амрико мегӯянд, ки Вошингтон дар садади эълони таҳримоти нав алайҳи режими раҳбари Сурия Башор Асад ва тарафдорони ин режим аст. Мақомоти аршаде, ки вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтонро дар сафараш ба Африқо ҳамроҳӣ доранд, гуфтаанд, ҳадаф аз таҳримоти нав таҳрики шароитест, ки суқути Асадро ногузир гардонад.
Интизор меравад, ин таҳримот муҷозоти мавҷуда алайҳи атрофиёни Асадро бо афрод ва ширкатҳои эроние, ки ба режими Сурия кумак мерасонанд, такмил кунад. Бо ин ҳол, Клинтон рӯзи шанбе дар Истамбул дар баҳсе ширкат мекунад, ки мавзӯъи асосиаш давраи гузариши баъди Асад дар Сурия аст.
XS
SM
MD
LG