Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши хунун дар Мӯсоқалъаи Ҳилманд


Рӯзи ҷумъа дар як таркиши бомб дар вилояти Ҳилманд 6 мусофири як мошин ҳалок шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин бомби канори роҳро чирикиҳои толиб гузоштаанд. Сухангӯи пулиси Ҳилманд гуфт, дар ин ҳамла дар улусволии Мӯсоқалъа занону кӯдакон ҳам ҷон бохтаанд. Ин дар ҳолест, ки СММ 2 рӯз пеш гуфт, танҳо дар нимаи аввали сол дар Афғонистон беш аз 3000 фарди мулкӣ кушта ё захмӣ шуда, 80 дарсади ҳалокати мардуми мулкӣ кори дасти чирикиҳост ва нисфаш ҳам бар асари таркондани бомбҳои канори роҳ.
XS
SM
MD
LG