Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар рейтинги Happy Planet Index -2012, дар мақоми чиҳилу саввум қарор гирифтааст.

Ин пажӯҳиш миёни 151 кишвари дунё сурат гирифта, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои “хушбахттарин” шомил шудааст.

Ин нишондиҳандаи он аст, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии фаровон, мардуми тоҷик худро хушбахт меҳисобанд.

Дар давраи Шӯравӣ шаҳрвандон бо доштани андак сармоя худро хушбахт мешумориданд. Низоми давр ҳамеша ба онҳо таблиғ мекард, ки зиндагӣ дар кишвари бузурге чун Шӯравӣ хушбахтист.

Чунин рӯҳияро то ҷое дар Тоҷикистон ба мерос гирифтаанд ва дар матбуоти расмӣ гоҳо ба назар мерасад, ки мардум зиндагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои худ хушбахтӣ медонанд, бо вуҷуди он, ки ин зиндагӣ бо мушкилиҳои зиёд ҳамроҳ аст.

Дар як назарпурсии "Озодӣ" , пурсидашудагон мафҳуми “хушбахтӣ”-ро ба гунаҳои мухталиф тафсир карданд. Барои бархе "ишқ" хушбахтӣ аст ва барои иддае ҳам бархӯрдор буданд аз сиҳатӣ ва тандурустии комил.

Бархе ҳам мегӯянд, танҳо дороӣ, яъне пулу мол нест, ки таъйинкунандаи меъёри хушбахтии инсонҳо бошад ва хонаводаи солим доштан, "хушбахтӣ" мебошад.

Ҷавонон ҳангоми ҷавоб бештар дурнамо ё ояндаи зиндагии худро дар назар мегиранд. Барои онҳо ин масъала муҳим аст, ки оё онҳо дар оянда метавонанд соҳиби касбу кори хуб ва пулу мол шаванд ё хайр.

Корбарони мӯҳтарам, назари шумо роҷеъ ба мафҳуми "хушбахтӣ" чист? Оё шумо низ хушбахтед ва аз диди шумо меъёри хушбахтӣ чист?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG