Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Айёмбеков ба мақомот таслим шуд


Толиб Аёймбеков
Толиб Аёймбеков
Бино ба хабарҳои расида, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбеков рӯзи ҷумъа ба мақомот таслим шудаанд. Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Гулназар ду гумонбари аслӣ дар қатли раҳбари идораи амнияти вилоят Абдуллоҳ Назаров маҳсуб мешаванд. Ва ҳам рӯзи ҷумъа о 200 нафар аз нирӯҳои давлатӣ аз Бадахшон озими Душанбе шудааст. Ин ду иқдом зоҳиран натиҷаи музокиротест, ки ба гуфтаи манобеъи РО, дар Хоруғ байни намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ ва мақомот идома дорад. Имомназар Имомназаров, фармондеҳи собиқи мухолифин дар Бадахшон, ки мақомот ӯро яке аз 4 раҳбари гурӯҳҳои саркаши Хоруғ ном мебаранд, дар гуфтугӯи ихтисосие бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо умедворанд, ки музокироти Хоруғ бо афви ҳамагонӣ анҷом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG