Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳод Неъматов дар Лондон шикаст хӯрд


Фарҳод Неъматов, варзишгари тоҷик

Фарҳод Неъматов, варзишгари тоҷик

Фарҳод Неъматов, варзишгари тоҷик, дар сабқати таэквондо дар Олимпиадаи Лондон ноком шуд ва аз идомаи мубориза маҳрум гашт.

Фарҳод Неъматови 22-сола имрӯз, 10-уми август, дар ҳаштякфинал дар вазни то 80 кг бо намояндаи Бритониёи Кабир Лутало Муҳаммади 21-сола, қаҳрамони Аврупо-2012, қувваозмоӣ кард ва бо ҳисоби 1:7 шикаст хӯрд.

Лутало Муҳаммад ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ин бегоҳ соати 19:45 ба вақти Душанбе бо рақибаш аз Испания Ҳемме Николас Гарсия қувва меозмояд.

Ба ин тартиб, то ҳоло 11 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали биринҷии олимпӣ овардааст.

Вале даҳ варзишгари Тоҷикистон - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров, даванда Владислава Овчаренко ва таэквондочӣ Фарҳод Неъматов аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Боз панҷ намояндаи Тоҷикистон дар ду ришта- таэквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард. Имрӯз соати 17 ба вақти Душанбе Николай Ноев дар сабқати гуштии озод дар вазни то 55 кг дар даври муқаддамотӣ бо Радослав Маринов Великов (Булғористон) қувваозмоӣ мекунад.

Таэквондочии дигари тоҷик Алишер Гулов рӯзи 11-уми август соати 15:15 ба вақти Душанбе бо варзишгари итолиёвӣ Карло Молфетти, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012, рӯбарӯ мешавад.

Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов, Искандари Рустам ва Николай Ноев дар мусобиқаи гуштии озод, ки аз 10-ум то 12-уми август баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Коршиносони соҳа аз Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило ва Зелимхон Юсуфов дар вазни то 66 кило натиҷаҳои баландро чашмдоранд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

10-уми август
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 15.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG