Пайвандҳои дастрасӣ

42 дарсади мардум дар Тоҷикистон намозхон будааст


Як назарсанҷии маркази Pew, ки аз соли 2008 ба ин сӯ бар асоси 38 000 сӯҳбати рӯбарӯ дар 39 кишвар анҷом шудааст, мегӯяд, 1,6 миллиард ҷамъияти мусалмони ҷаҳон дар эътиқоди худ ба Оллоҳ ва Муҳаммад(с) ҳамназаранд, вале дар мавриди ҷузъиёте, чун нақши дин дар ҳаёти онҳо, ё инки киро метавон мусалмон хонд, нигоҳи мухталиф доштаанд. Дар Тоҷикистон 50 дарсади пурсидашудаҳо нақши Исломро дар зиндагии худ муҳим хондаанд. Тибқи ин назархоҳӣ, 42 дарсади мардум дар Тоҷикистон ҳамарӯза намоз мехонанд ва 30 дарсад дар намозҳои ҷумъа ширкат мекунанд. 66 дарсад гуфтаанд, ки закоти худро месупоранд. Ҷолиб ин аст, ки дар моҳи Рамазон алоқа ба дин дар Тоҷикистон бештар шуда, 88 дарсад гуфтаанд, ки рӯзаи худро дар ин моҳи шариф мегиранд.
XS
SM
MD
LG