Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости боз 2,5 сол ҳукми зиндон барои Ю.Лутсенко


Додситонҳо рӯзи ҷумъа аз додгоҳ барои вазири собиқи умури дохилаи Украина Юрий Лутсенко 2,5 сол ҳукми зиндон хостанд. Лутсенко дар моҳи феврал бо ҷурми сарфи беш аз ҳадд ва сӯъиистифода аз мақом ба 4 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ин мурофиаи дувуми алайҳи ӯст ва инбор бо иттиҳоми судури амри назорати ғайриқонунӣ аз болои афроди гумонбар дар заҳролуд кардани раисиҷумҳури собиқ Виктор Юшенко дар ҷараёни корзори интихоботии соли 2004. Юрий Лутсенко ҳарду иттиҳомро радд карда, қазияашро сиёсӣ меномад. Моҳи июл, додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар боздошти Лутсенкоро ғайриқонунӣ дарёфта, мақомоти Украинаро ба пардохти 15 000 евро ҷурбон ба вазири собиқ ҳукм кард.
XS
SM
MD
LG