Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон барандаи «Ҷоми Дӯстӣ» гардид.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ширкати шаш даста аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти Қирғизистон баргузор шуд.

Футболбозони навраси синнашон то 14-солаи тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар ҳамаи 5 бозӣ пирӯз шуда, мақоми аввалро касб карданд.

Мунтахаби Тоҷикистон нахуст бар тими «Динамо-Юниор»-и Омски Русия бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад. Голҳо: Вафо Сӯфиев, 3 (0:1). Вафо Сӯфиев, 24 (0:2). Рустам Толибов, 46 (0:3). Калантаев, 69 (1:3). Рустам Толибов, 70+2 (1:4).

Дар даври дувум дастаи Тоҷикистон бар мунтахаби аввали Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро Вафо Толибов дар дақиқаҳои 34-ум ва 57-ум ба самар расонд.

Бозии севуми футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Туркманистон баргузор шуд. Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳо: Рустам Толибов, 9 (1:0). Сӯҳроб Мӯъминов, 23 – аз пеналтӣ (2:0). Бердиев, 63 (2:1).

Футболбозони навраси тоҷик дар даври чорум тими «Монтажник» (Тараз, Қазоқистон)-ро бо ҳисоби бузурги 13:0 шикаст доданд. 7 голро ҳамлагар Вафо Сӯфиев ба ҳадаф расонд.

Голҳо: Вафо Сӯфиев, 6 (0:1). Шаҳбози Шарифӣ, 10 (0:2). Мухторҷон Ортиқов, 11 (0:3). Вафо Сӯфиев, 24 (0:4). Вафо Сӯфиев, 29 (0:5). Рустам Толибов, 31 (0:6). Нуралӣ Шералӣ, 39 (0:7). Алишер Баротов, 43 (0:8). Вафо Сӯфиев, 44 (0:9). Вафо Сӯфиев, 48 (0:10). Вафо Сӯфиев, 58 (0:11). Шериддин Бобоев, 60 (0:12). Вафо Сӯфиев, 62 (0:13).

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври охирин рӯзи 9-уми август дар шаҳри Кант бар дастаи Қирғизистон-2 бо ҳисоби 2:0 бозӣ ғолиб шуд. Голҳо: Алишер Баротов, 25 (1:0). Рустам Толибов, 37 (2:0).

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 15 имтиёз ғолиби мусобиқа шуд. Дастаҳои Қирғизистон-2 ҷойи дувум ва Қирғизистон-1 ҷойи севумро гирифтанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
Тоҷикистон
5
5
0
0
23-2
15
2
Қирғизистон-2
5
4
0
1
16-6
12
3
Қирғизистон-1
5
3
0
2
22-9
9
4
«Динамо-Юниор» (Омск, Русия)
5
1
1
3
17-13
4
5
Туркманистон
5
1
1
3
7-14
4
6
«Монтажник» (Тараз, Қазоқистон)
5
0
0
5
3-54
0

Дар маросими мукофотсупорӣ футболбозони навраси тоҷик бо “Ҷоми Дӯстӣ” сарфароз шуданд. Беҳрӯз Хайриев (Тоҷикистон) беҳтарин дарвозабон, Толибҷон Ҳасанбоев (Қирғизистон-2) беҳтарин ҳимоятгар, Алмаз Сматов (Қирғизистон-1) беҳтарин нимҳимоятгар, Силап Бердиев (Туркманистон) беҳтарин ҳамлагар, Артём Калантаев (Русия) бо 12 гол беҳтарин нишонзан ва Дилшод Набиев (Қазоқистон) беҳтарин бозигар эълон шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG