Пайвандҳои дастрасӣ

Имкон дорад, ки корманди Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири назди президент беш аз ду даҳсоларо дар зиндон сипарӣ кунад.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи олии Тоҷикистон барои собиқ сардори раёсати зудамали Оҷонсии мубориза бо маводи мухадири назди прездинети Тоҷикистон Равшанбек Мирзоаҳмадов 22 соли маҳрумият аз озодиро дархост кардааст.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рузи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиаи додгоҳии Равшанбек Мирзоаҳмадов, собиқ сардори Раёсати зудамали Оҷонсии мубориза бо маводи мухадири назди президенти Тоҷикистон таи як ҳафтаи ахир идома дорад ва дар мурофиаи рӯзи 7 август Дилафрӯз Толибова, намояндаи Додитони кулл, бо назардошти шумори ҷиноятҳо аз Додгоҳи олӣ дархост кард, ки айбдоршаванда ба 22 соли зиндон маҳкум шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ Равшанбек Мирзоаҳмадовро дар заминаи суиистифода аз ваколати хизматӣ, қочоқи маводи мухаддир, пинҳон кардан маводи мухаддир ва сохтакорӣ дар пешниҳоди асноди марбут ба маводи мухаддир муҷрим эълон кард.

Аммо Дилбар Урунова, вакили мудофеъи Равшанбек Мирзоаҳмадов, мегуяд, ки дархости айбдоркнандаи давлатиро қабул надорад ва ин айбномаро алайҳи зерҳимояташ беаос мешуморад. Вай мегӯяд, имкон дорад ҳафтаи оянда ҳарфи ниҳоии Равшанбек Мирзоаҳмадов дар мурофиаи Додгоҳи олӣ шунида шавад ва далелҳое, ки вакилони мудофеи ҷаноби Мирзоаҳмедов пешинҳод кардаанд ба ҳукми Додгоҳ таъсир расонад.

Равшанбек Мирзоаҳмедов собиқ сардори Раёсати зудамали Оҷонсии мубориза бо маводи мухадири назди президенти Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон бо ҷурми суисистифода аз вазифа ва қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд ва аз таърихи 2 март ба ин тараф дар боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллӣ ба сар мебарад.

Бино ба иттлои Вазорати умури дохила ҳамроҳ бо Мирзоаҳмедов Равшанбек чанд афсари Вазорати умури дохила ва ду агенти Оҷонсии мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон низ боздошт шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG