Пайвандҳои дастрасӣ

Дар сониҳаи чархбол дар Туркия 5 тан ҳалок шуданд


Дар натиҷаи суқути чархбол дар ноҳияи Кӯйчеғизи вилояти Муғло дар ҷанубуғарби Туркия 5 нафар, бо шумули 3 сӯхторнишони рус ҳалок шудаанд. Мудири идораи ҷангали Кӯйчеғиз Рамазон Услу гуфт: “Чархбол суқут кард. 5 сарнишинаш ҳалок шуданд. Мо аз ин хеле мутаассифем.” Ин чархбол барои фурӯ нишондани сӯхтори ҷангалҳо аз Русия иҷора гирифта шуда, сарнишинонаш аз Туркияву Русия буданд. Вазорати обу ҷангали Туркия гуфт, чархбол ҳангоми фурӯ нишондани сӯхтори ҷангал дар наздикии рустои Қарачам дар як дараи чуқур суқут кард. Касе аз сарнишинони чархбол зинда намондааст.
XS
SM
MD
LG