Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се сарбози Амрико дар Ҳилманд


Се сарбози Амрико дар вилояти Ҳилманд аз сӯи марде кушта шуданд, ки либоси урдуи Афғонистонро дар тан доштааст. Сухангӯи ISAF гуфт, ҳанӯз рӯшан нест, ки ӯ сарбози урду буд ё омили Толибон. Гюнтер Катс- сухангӯи НАТО аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ кард, вале гуфт, мавридҳои ҳамлаи ёрони афғон ба нирӯҳои эътилофро ҷиддӣ хоҳанд гирифт: “Мо ин мавридҳоро хеле ҷиддӣ мегирем, Ин рӯйдодҳои фоҷиавист, вале мунъакискунандаи вазъи умумӣ дар Афғонистон нест.”
Ба гуфтаи мақомоти афғон, амрикоиҳои кушташуда узви нирӯҳои вижа буда, шоми панҷшанбе ҳангоми ширкат дар як нишаст дар улусволии Сангин таҳти ҳамла қарор гирифтанд. Ба ҳисоби НАТО, танҳо дар соли ҷорӣ 28 сарбози хориҷӣ бо дасти нирӯҳои афғон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG