Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аннонро дар Сурия Иброҳимӣ иваз хоҳад кард


Ахзар Иброҳимӣ
Ахзар Иброҳимӣ
Дипломатҳои СММ мегӯянд, интизор меравад, ки вазири собиқи хориҷаи Алҷазоир Ахзар Иброҳимӣ ба ҷои Куфӣ Аннон ба мақоми фиристодаи нави СММ ва Лигаи Араб дар Сурия пешбарӣ шавад. Аннон рӯзи 31 август ба истеъфо меравад. Ба гуфтаи дипломатҳо, агар Иброҳимӣ аз ин мақом даст накашад, номзадиаш дар ҳафтаи оянда эълон хоҳад шуд. Иброҳимӣ баъди ҳамлаҳои террористии 11 сентябр фиристодаи СММ дар Афғонистон ва баъди ҷанги таҳти раҳбарии Амрико фиристода дар Ироқ буд. Дар пайи нокомии талошҳои нимсолаи Аннон барои ташвиқи давлати Башор Асад ба иҷрои тарҳи сулҳаш, аъзои калидии СММ рӯи нақши фиристодаи ҷадид баҳс доранд. Ба гуфтаи дипломатҳо, Шӯрои Амният бояд дар мавриди сарнавишти тарҳи сулҳи Аннон низ тасмим бигирад.
XS
SM
MD
LG