Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯшиши миёнаравии Теҳрон дар низои Сурия


Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазирик орҳои хориҷии Эрон

Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазирик орҳои хориҷии Эрон

Рӯзи панҷшанбе дар ҳоле, ки хабарҳо дар бораи задухӯрдҳо дар Ҳалаб пахш мешуданду Эрон як нишасти байналмилалиро ба хотири ҳалли бӯҳрони Сурия раҳандозӣ намуд, президенти Сурия Башор ал-Асад Воил Халқиро ба мансаби сарвазири ин кишвар таъйин кард.
Воил Халқӣ собиқ вазири беҳдошти Сурия ба ҷои Риёз Ҳиҷоб, ки ҳафтаи гузашта ба Урдун фирор кард, ба ин мансаб пешбарӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол рӯзи панҷшанбе ҳомии асосии режими Асад дар арсаи байналмилалӣ-Эрон вазирони Русия, Чин, Покистон, Венесуэла, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва як идда мамолики арабро ба Теҳрон барои баррасии вазъи Сурия даъват кард.
Дар нишаст Теҳрон тақозо кард, ки ҳукумат ва мухолифини Сурия музокироти ҷиддиву фарогир раҳандозӣ намоянд.
Алӣ Акбар Солеҳӣ вазири корҳои хориҷии Эрон аз минбари нишаст гуфт:
Тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ки ба навъе дар бӯҳрони Сурия нақш доранд, бояд ин воқеиятро бипазиранд, ки вазъи ҷуғрофиёиву сиёсии Сурия ба шаклест, ки ҳалли бӯҳронро танҳо аз тариқи гуфтугӯи дохилӣ ва сиёсӣх имконпазир месозад."
Коршиносон мегӯянд, эҳтимол нишасти Теҳрон ба ҳалли бӯҳрони Сурия қодир набошад, вале он нишон медиҳад, ки дар иртибот бо ошӯби 17-моҳа Теҳрон дар як ҷабҳа бо режими Асад қарор дорад.
XS
SM
MD
LG