Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Удалтсов дар назди Кумитаи тафтишот


 Сергей Удалтсов дар иҳотаи афсарони полиси Маскав
Сергей Удалтсов дар иҳотаи афсарони полиси Маскав
Рӯзи панҷшанбе Сергей Удалтсов-пешвои созмони мухолифини ҳукумати Русия бо номи Ҷабҳаи Чап дар назди қароргоҳи Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав боздошт шуд. Удалтсовро бо кӯшиши ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муттаҳам карда, дастур доданд, ки 16-уми август ба мурофиа дар додгоҳ ҳозир шавад.
Бар пояи қонунҳои нави Русия агар айбномаи Удалтсов собит шавад ӯро метавонанд 30 ҳазор рубл, яъне тахминан 950 доллари амрикоӣ ҷарима кунанд. Вале Удалтсов мегӯяд, ӯ ҳеҷ гуна гирдиҳамоӣ ташкил карданӣ набуд ва вақте ба назди Кумитаи тафтишот омад, полис ӯро фавран дастгир кард.
XS
SM
MD
LG