Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ширкати русиро таҳти фишор қарор дод


Ширкати мухобиротии МТС-и Русия мегӯяд, ходимонаш дар Узбакистон таҳти фишори рӯзмарраи мақомоти маҳаллӣ қарор гирифтаанд ва аз онҳо талаб карда мешавад, ки ин ширкатро дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ муттаҳам кунанд.
Майкл Ҳеккер ноиб-президенти ширкати МТС ба Радиои Озодӣ гуфт, ходимони ширкати Уздунробита, ки шӯъбаи МТС дар Узбакистон аст, дар пушти дарҳои баста истинтоқ мешаванд. Ба онҳо мардуми маҳбусро намоиш дода, таҳдид мекунанд, ки агар ба айбномаҳои пешакӣ омодашуда имзо нагузоранд, ҳолашон мисли ҳамин маҳбусон хоҳад шуд.
Уздунробита бузургтарин ширкати тақдимкунандаи мухобироти бесим дар Узбакистон мебошад. Ҳукумати Узбакистон бо иттиҳоми дуздӣ, фасод ва дигар ҷиноятҳои молӣ муҷаввизи Уздунробитаро мутаваққиф кардааст. Баъзе коршиносон тахмин мекунанд, ки шояд касе аз элитаи ин ҷумҳурӣ мехоҳад дороиҳои Уздунробитаро, ки тақрибан ба як миллиард доллар мусовӣ мебошанд, аз худ кунад. Ҳеккер мегӯяд, ширкати МТС аз тамоми роҳҳои қонунӣ барои идомаи кораш дар Узбакистон истифода хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG