Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА бомбгузории интиҳории Кунарро маҳкум кард


Ҳилларӣ Клинтон-котиби давлатии ИМА

Ҳилларӣ Клинтон-котиби давлатии ИМА

Департаменти давлатии ИМА ҳамлаи маргталабона дар вилояти шарқии Кунари Афғонистонро, ки бар асари он панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд, маҳкум кард. Рӯзи чоршанбе ду бомбгузори маргталаб дар назди Рагаӣ Абдулфаттоҳ-ходими муассисаи кумаки байналмилалии ИМА (USAID) худро мунфаҷир карданд. Дар ин ҳодиса бар иловаи Абдулфаттоҳ се сарбози нерӯҳои кумаки байналмилалӣ ба Афғонистон ё худ ISAF ва як афғони мулкӣ ба ҳалокат расиданд.
Котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон гуфтааст, ки дар давоми як соли гузашта Абдулфаттоҳ ба хотири пуштибонӣ аз рушди иқтисодиву сиёсӣ ва танзими гузариши амниятӣ дар Афғонистон зиёд талош варзида, намунаи сарсупурдагӣ ба иҷрои вазифа будааст. Клинтон хотирнишон кардааст, ки Абдулфаттоҳ мехост довталабона боз як соли дигар дар Афғонистон ифои вазифа кунад.
XS
SM
MD
LG