Пайвандҳои дастрасӣ

Башор Асад нахуствазири нави Сурияро таъйин кард


Воил Ҳалқӣ-нахуствазири нави Сурия

Воил Ҳалқӣ-нахуствазири нави Сурия

Рӯзи панҷшанбе Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия Воил Ҳалқӣ-вазири пешини беҳдошти ин кишварро нахуствазири нави кобинаи худ таъйин кард. Вай ба ҷои Риёд Ҳиҷоб-нахуствазири пешин кор хоҳад кард, ки аз мақоми худ истеъфо дод ва ба мухолифони режими Башор Асад пайваст. Риёд Ҳиҷоб ҳоло дар Урдун ба сар мебарад.

Нахуствазири нав 48 сол дорад ва аз ҷануби кишвар аз вилояти Даръо аст. 17 моҳи пеш дар ҳамин вилоят тазоҳуроти зидди режими Асад оғоз ёфта буд.
XS
SM
MD
LG