Пайвандҳои дастрасӣ

М.Абдулло: ”Ба марказҳои омодагии олимпӣ ниёз дорем”


Маҳмуди Абдулло

Маҳмуди Абдулло

Нигоҳи коршиноси риштаи варзиш Маҳмуди Абдулло ба бурду бохти олимпичиёни тоҷик.

Аз 16 варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Лондон намояндагӣ мекунанд, то ҳоло даҳ нафарашон сабқатро ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар - муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст. Ӯ дар сабқати бокс миёни занон дар вазни то 60 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Боз шаш намояндаи Тоҷикистон дар ду ришта- таэквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард. Меҳмони баhномаи “Ҷаҳони варзиш”-и Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдулло, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпӣ ва узви ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон, мебошад.

Вай гуфт, “варзишгарони тоҷик дар деҳаи олимпӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо барои онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ман барои аввалин бор дар маросими кушоиши Бозиҳои олимпӣ ширкат доштам, инчунин, мусобиқотро дар риштаҳои мухталиф дар толорҳои мӯҳташами варзишии Лондон тамошо кардам. Ин Олимпиада ба ман таассуроти бою рангин боқӣ гузошт. Бахусус ман аз ҳунарнамоии муштзани моҳири тоҷик Мавзуна Чориева хеле шод шудам. Мавзуна бо ҳунари волои худ моро қоил кард ва дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медали биринҷӣ шуд. Бояд зикр намуд, ки дар миёни занони варзишгари Тоҷикистон Мавзуна нахустин ва ягона барандаи медали олимпӣ дар замони истиқлолияти кишвар маҳсуб мешавад. Ҳамчунин Мавзуна дар таърихи Бозиҳои олимпӣ аввалин барандаи медали биринҷӣ дар риштаи бокс миёни занон ба шумор меравад, зеро ки ин намуд барои бори аввал ба барномаи Олимпиада дохил шудааст. Мо аз ин варзишгари ҷавону олидараҷа дар оянда натиҷаҳои аз ҳама баландро чашмдорем.”

Ҷаноби Абдулло дар идомаи сӯҳбат изҳори таассуф кард, ки то имрӯз 9 варзишгари тоҷик аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд. Ӯ афзуд, “рости гап, мо аз тирандоз Сергей Бабиков, шиновар Катерина Измайлова, даванда Владислава Овчаренко натоиҷи баландро интизор набудем. Зеро натиҷаҳои нишондодаи онҳо дар мусобиқоти мухталиф дар ду-се соли ахир аз натиҷаҳои ҷаҳонӣ хеле паст аст. Онҳо бо квота ба Олимпиадаи Лондон роҳ дода шуданд. Вале муштзанҳо Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов, ки таҷрибаи бой доранд, умедҳои моро барбод доданд. Гурзандоз Дилшод Назаров ҳам ҳарчанд ки ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт, натиҷаи баланд нишон дода натавонист. Муштзани ҷавон Собирҷон Назаров ҳам дар нахустин қувваозмоияш шикаст хӯрд. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев, ки дар ду қувваозмоӣ дар риштаи дзюдо пирӯз шуд, дар даврҳои баъдӣ мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард. Паҳлавони дигари мо Парвиз Собиров бошад, дар даври муқаддамотӣ ноком шуд.”

Маҳмуди Абдуллоҳ мегӯяд, нокомии варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон сабабҳои зиёд дорад. Ба гуфтаи ӯ яке аз масъалаҳои ҷиддиву ҳалталаб ин бунёди марказҳои омодагии олимпӣ мебошад. Ҷаноби Абдулло афзуд, “дар Тоҷикистон то ҳоло чунин марказҳо сохта нашудаанд. Инчунин баъди Олимпиадаи Пекин-2008 ширкати варзишгарони тоҷик мавриди муҳокима ва таҳлил қарор нагирифт. Кори федератсияҳои миллии варзишӣ баррасӣ нашуд. Дар масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо, роҳбарони федератсияҳо, ташкилотҳои варзишӣ, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар чораҳои судбахш андешида нашуданд. Бисёр мураббиён аз камбуди маблағ барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ ва ширкати варзишгарон дар мусобиқоти байналмилалӣ, ҷаҳониву қитъавӣ, шароити номусоид барои машқ ва иҷроиши нақша-чорабиниҳои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ мекарданд, вале хоҳишу талаби онҳо ба ҷо оварда намешуд.”

Сӯҳбати муфассали Маҳмуди Абдулло бо шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG