Пайвандҳои дастрасӣ

Иди Рамазон ва мизони закоту фитри рӯза дар Тоҷикистон


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд рӯзи иди Рамазон ё Фитр 19 август муқаррар шудааст. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, ки бар пояи ҳисобу китобҳо аз оғози моҳи Рамазон рӯзи ид ба ҳамин сана дуруст меояд. Аммо ин манобеъ гуфтанд, ки ҷаласаи ниҳоӣ барои таъйини таърихи ин ид ва намози он рӯзҳои наздик баргузор мешавад ва дар сурати пеш омадани тағйироте тавассути васоити ахбори омма ҷомеаи кишвар огоҳонида мешаванд.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласа бо ширкати имомхатибҳо дар оғози ин моҳи барои мусалмонони кишвар муборак масъалаи мушаххас кардани ҳаҷми закот ва садақаи фитри мусалмонони Тоҷикистонро маълум кард. Бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум, агар тавони молӣ ва пасандози солонаи фард ба 3 ҳазору 480 доллар, яъне баробар бо 16 ҳазору 878 сомонӣ бошад, метавонад 87 доллар ё 422 сомонӣ ба мардуми ниёзманд бидиҳанд. Вале ҳаҷми фитри рӯза барои ҳар сокин дар ҳаҷми се сомонӣ муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG