Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои бозиҳои олимпӣ то субҳи рӯзи панҷшанбе


То анҷоми Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон се рӯзи дигар боқӣ мондааст. Аз рӯи натиҷагирии дувоздаҳ рӯзи мусобиқот варзишгарони 76 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ гардидаанд. Дар ҳисоби умумӣ мисли пешин Чин дар ҷойи аввал аст. Чиноиҳо то субҳи рӯзи панҷшанбе 77 медал, аз он ҷумла 36 нишони тилло ба даст овардаанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 81 медал, минҷумла 34 нишони тилло дар ҷойи дувум аст. Бритониё бо 48 медал, аз он ҷумла 22 нишони тилло дар ҷойи севум мебошад.
Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ варзишгарони се кишвар - Қирғизистон, Латвия ва Туркманистон то имрӯз дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медал нашудаанд.

Аз 16 варзишгари Тоҷикистон даҳ нафарашон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст. Ӯ дар дар сабқати бокс миёни занон дар вазни то 60 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Боз шаш намояндаи Тоҷикистон дар ду навъи варзиш, яъне дар таэквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард. .
XS
SM
MD
LG