Пайвандҳои дастрасӣ

Раббонӣ сафари Покистонро лағв кард


Салоҳуддин Раббонӣ-раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон

Салоҳуддин Раббонӣ-раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон

Рӯзи чоршанбе раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ сафараш ба Покистонро лағв кард. Сафорати Афғонистон дар Покистон ин хабарро тасдиқ намуд, вале аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард. Мансабдорон мегӯянд, Раббонӣ бояд бо раҳбарони мулкиву низомии Покистон вохӯрда, аз онҳо кумак дар ташкили музокироти сулҳ бо Толибонро дархост менамуд. Ҳамчунон Раббонӣ нақша дошт, аз мақомоти покистонӣ раҳоии яке аз раҳбарони Толибон мулло Абдулғанӣ Бародарро тақозо намояд. Ба ақидаи афғонҳо Бародар метавонад дар раванди сулҳ саҳм гирад. Раббониро сарвазири Покистон Роҷа Парвиз Ашраф, ки моҳи июл аз Афғонистон боздид намуда буд, ба зиёрат аз Покистон даъват кардааст. Салоҳуддин Раббонӣ баъди куштори падараш собиқ президенти Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ ба мақоми раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон таъйин шудааст. Солҳои ахири ҳаёташ Бурҳонуддин Раббонӣ ин вазифаро бар дӯш гирифта буд.
XS
SM
MD
LG