Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Июл гармтарин моҳ дар таърихи Амрико буд


Рӯзи чоршанбе донишмандони амрикоӣ гуфтанд, ки моҳи июли гузашта гармтарин моҳ дар таърихи ИМА буд. Ҳарорати миёнаи ҳаво ба истиснои Аляска ва Ҳавай дар саросари кишвар ба 25 дараҷаи ченаки Селсий баробар будааст. Ҳамин гуна ҳафт моҳи аввали соли 2012-ум дар таърихи Амрико гармтарин мебошанд. Маркази миллии уқёнус ва ҳавошиносии ИМА мегӯяд, ки гармоиши саросарӣ иқлимро тағйир додааст. Ҳарорати баланди ҳаво ва коҳиши борон боиси хушксоливу коҳиши ҳосили ғалла шуд.
XS
SM
MD
LG