Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори латту кӯбшудаи қазоқ ҷоиза гирифт


 Луқмон Аҳмадёров

Луқмон Аҳмадёров

Созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон бо номи Одил Соз, ки марказаш дар шаҳри Алмаато мебошад, рӯзи чоршанбе эълон кард, ки рӯзноманигори қазоқ Луқмон Аҳмадёров ба ҷоизаи Питер Маклер (Peter Mackler) сазовор дониста шудааст. Ин ҷоиза ба хабарнигорону муҳаррироне дода мешавад, ки сарфи назар аз фишор болои расонаҳои мустақил мақолаҳои воқеъбинона таҳия намуда, баҳри нашри он талош меварзанд. Моҳи апрел Аҳмадёров, хабарнигори нашрияи “Уралская неделя”, дар шаҳри ғарбии Орали Қазоқистон мавриди ҳамла қарор гирифта, аз корд ва таппончаи пневматикӣ ҷароҳат бардошта буд. Баъди чанде додгоҳи вилояти Ғарбии Қазоқистон Аҳмадёровро бо таҳқири як мансабдори маҳаллӣ муттаҳам карда, амр содир намуд, ки ба ҳайси ҷуброн 5 миллион танга, ки муодили 33 ҳазор доллар аст, пардохт намояд. Аҳмадёров мегӯяд, ҳамла ва муҷозоти ӯ бо ҳадафҳои сиёсӣ пиёда шудаанд.
XS
SM
MD
LG