Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиш 11 ироқӣ кушта шуданд


Бағдод

Бағдод

Мансабдорони ироқӣ мегӯянд, шоми чоршанбе дар як шаҳраки ҷануби Бағдод бар асари таркиши мошини саршор аз маводи тарканда камаш 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Таркиш дар шаҳраки Танмия, воқеъ дар 50 километрии ҷануби Бағдод ба вуқӯъ пайваста, зоҳиран ҳадафи бомбгузорон мусулмонони шиамазҳаб будаанд. Мошин дар назди як хаймае таркидааст, ки дар он мусулмонони шиа рӯзи имом Алиро ҷашн мегирифтанд. Таркиш дар арафаи рӯзакушоии мусулмонон ба амал омадааст. Полис ва табибон мегӯянд, дар ин ҳодиса камаш 20 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG