Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати се низомии НАТО дар Кунари Афғонистон


Бар асари ҳамлаи ду маргталаб дар вилояти Кунар, воқеъ дар шарқи Афғонистон, се низомии НАТО ба ҳалокат расид. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, сарбозони хориҷӣ дар шаҳри Асадобод, дар канори бинои шӯрои идории вилоят, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар ин ҳамла як сокини осоишта низ кушта ва дасти кам се тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Масъулини полиси Кунар мегӯянд, маргталабҳо чанд маводи таркандаро дар бинои шӯрои идории маҳаллӣ дар ҳоле мунфаҷир карданд, ки он ҷо нишасти аъзои шӯро идома дошт.

Мақомоти маҳаллӣ ангушти иттиҳом сӯи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” карданд.
XS
SM
MD
LG