Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Солеҳӣ: Зойирон собиқадорони Сипоҳи посдорони инқилобанд


Алӣ Акбар Солеҳӣ

Алӣ Акбар Солеҳӣ

Чанд тан аз 48 нафар эроние, ки чанд рӯз пеш аз сӯи мухолифини ҳукумати Сурия рабуда шуданд, қаблан дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ хизмат мекарданд.
Вазири умури хориҷии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ имрӯз тайид кард, ки онҳо собиқадорони Сипоҳанд ва айни ҳол бо нерӯҳои мусаллаҳ ягон робита надоранд.

Ошӯбгарони суриягӣ шаҳрвандони Эронро дар ҷосусӣ айбдор мекунанд. Билофосила баъд аз боздошти онҳо Теҳрон эълом дошт, ки ҳамаи 48 нафар зоийронанд ва барои зиёрати ҷойҳои муқаддас мераванд.

Эрон аз Туркия ва Созмони Милали Муттаҳид хост, ки ба раҳоии гаравгонҳо мусоидат кунанд.
XS
SM
MD
LG