Пайвандҳои дастрасӣ

Агар дар имтиҳони қабул омӯзгор ба довталаб бигӯяд, ки вай баҳои паст гирифт ва акнун бояд соли оянда аз нав бахташро санҷад, ҷавони орзуманди таҳсил дар донишгоҳ бо сари хам берун меравад.

Вале сол то сол шумораи онҳое меафзояд, ки агар ба дониши худ бовар доранд, то охир барои ҳақиқат ҷадал мекунанд.

Маънии “шикояти апеллятсионӣ” низ ҳамин аст ва баҳои пасти яке аз довталабони риштаи менеҷмент, волидайни ӯро водор кард, даст ба шикоят зананд.

Давлатбӣ Остонаева, омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Дӯшанбе мегӯяд, писари ӯ дар тест 108 балл гирифт ва ин баҳо онҳоро қонеъ накард. Ба иддаои ин зан, фарзанди ӯ литсейи муштараки тоҷикӣ-туркиро бо баҳои аъло хатм кардааст ва ба донишаш эътимод дорад: «Ман мехоҳам, ки пасарам дар бахши буҷавӣ таҳсил кунад,зеро бахши шатрномавии ин факулта 1400 доллар аст ва мо чунин маблағро надорем. Ман 30 сол чун омӯзгор кор карда истодаам барои дохилшавии писарам ягон шинос надоштем. Писарам боварӣ дорад, ки ба аксари саволҳои дар тест омада ҷавоби дуруст додааст. Ба ҳамин хотир ҳоло мо ариза навишта истодаем, чун хеле мехоҳем фарзандамон дар ҳамин донишгоҳ таҳсил кунад.»

Давлатбӣ Остонаева боварӣ дорад, ки тариқи баррасии апеллятсионӣ дониши воқеии фарзандаш маълум мешавад ва ӯ донишҷӯ хоҳад гашт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони вазорати маорифи Тоҷикистон, бо шурӯи мавсими имтиҳонсупорӣ дар бархе аз донишогоҳҳои кишвар. аллакай чандин нафари норизо аризаи апеллятсионӣ додаанд. Шумораи аз ҳама бештари чунин шикоятҳо дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст.

Раҷабалӣ Сангов, як масъули вазорат мегӯяд, аз рӯи натиҷаҳои имтиҳони дохилшавӣ довталаб ҳақ дорад, ки дар давоми се рӯзи баъд аз имтиҳон нисбати баҳои худ шикояти хаттӣ диҳад. Ин ариза баррасӣ мешавад ва дар аксари ҳолатҳо довталаб ҳаққи имтиҳони такрорӣ пайдо мекунад.

Ҷаноби Сангов меафзояд, теъдоди каме аз ин имконият истифода мекунанд: ”Гап сари ин аст, ки аксари довталабон баъд аз дидани баҳои гирифтаашон, ки ғайриқанотабахш аст, хотирҷамъ мешаванд ва аз пайи талаб кардани натиҷаи корашон намегарданд, ки оё воқеан баҳои дуруст гирифтаанд ё не. Яъне онҳо ҳуқуқи худро намедонанд.»

Довталабон дар навбати худ мегӯянд, аз чунин имконият хабар надоранд, зеро касе инро ба онҳо намегӯяд ва дар эълонномаҳои макотиби олӣ низ дар ин бора маълумоте дода намешавад.

Иброҳим, як довталаб аз Донишгоҳи тиббӣ мегӯяд, қарор аст чанд рӯзи баъд натиҷаи имтиҳони вай маълум шавад ва ӯ бовар дорад, ки баҳои хуб гирифтааст. Аммо ба суоли мо ки оё медонад, ки дар назди донишгоҳ комиссияи махсуси апеллятсионӣ амал мекунад, вай изҳори беиттилоӣ намуд.

Ба андешаи Диловар, як довтлаби дигар, аз чунин ноогоҳии довталабон аксаран афроди манфиатдор истифода мебаранд. Вай аз ҷумла мегӯяд: «Ҳангоме, ки комиссияи махсус аз ҳисоби раёсати донишгоҳ ва ҳам маориф ташкил мешавад имкон аст, ки дар ҳузури онҳо санҷиш воқеӣ сурат бигирад. Вале дар ин маврид, ки довталабон аз санҷиш меафтанд ва рӯҳафтода шудаву ба хона бармегарданд, боварӣ надорам, ки онҳоро қаблан дар мавриди имкони ба аппелатсия додан, огоҳ карда бошанд. Вагарна боварӣ дорам, аксари довталабоне, ки дониши мукаммал доранд, бо истифод аз чунин имконият эҳтмолан ба донишгоҳ роҳ меёбанд.»

Бо вуҷуди он, ки гуфта мешавад, ҳамасола дар пайи супоридани имтиҳоноти қабул ба макотиби олии кишвар теъдоде аз довталабон бо аризаҳои расмӣ ба унвонии расёати донишгоҳҳо ва ҳатто вазири маориф муроҷиат мекунанд, вале вазорати мариф дар ин маврид оморе дар даст надорад. Танҳо имсол ин ниҳод тасмим гирифтааст, ки шумораи шикоятҳои довталабонро ба маҷмӯи омори марбут ба қабул ворид намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG