Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, ки дар Олимпиадаи Лондон дар нимфинал ноком шуд, бо медали биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Мавзуна Чориеваи 19-сола, ки бегоҳи имрӯз, 8-уми август, дар сабқати бокс дар вазни то 60 килограмм дар даври ниманиҳоӣ аз муштзани ирландӣ Кэти Тейлори 26-сола, қаҳрамони чоркарата ва феълии ҷаҳон, аз рӯи холҳо бо ҳисоби 9:17 (1:3,2:4, 3:6, 3:4) шикаст хӯрд, аз идомаи мубориза барои унвони қаҳрамони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ маҳрум гашт.

Бо вуҷуди он, ки рақиби Мавзуна муштзани пуртаҷрибаву соҳиби унвонҳои баланди варзишӣ ва қадаш нисбат ба Чориева панҷ сантиметр баланд аст (1м 65 см), муштзани ҷавони тоҷик аз ӯ наҳаросид. Баръакс, муқобили ӯ хеле хуб ва бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ кард ва нӯҳ бор зарбаҳои Мавзуна ба нишон расиданд. Албатта мухлисон, ки Тейлорро дастгирӣ мекарданд, Мавзунаро рӯҳафтода насохт. Ин духтараки тоҷик собит кард, ки ӯ ояндаи дурахшон дорад ва пирӯзиҳои бузургаш дар пеш аст. Мавзуна имкон дорад, ки боз дар ду- се олимпиадаи дигар ва мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карда, қуллаҳои баландтарини варзиширо фатҳ намояд. Ду қувваозмоии Мавзуна дар Олимпиадаи Лондон ба садҳо ҳазор ҳаводорони ӯ дар Тоҷикистон ва берун аз он хурсандии зиёд бахшид.

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки аз дохили толори варзишӣ дар Лондон аз набарди Мавзуна Чориева бо Кети Тейлор мушоҳида мекард, гуфт, “бо назардошти ин ки китфи Мавзуна иллат дошт, ӯ хеле хуб баромад кард:

  • Ӯ худро дар сатҳи бисёр хуб нигоҳ дошт. Ва зарбаҳояш ҳам нишонрас буданд. Мо дар як ҷо бо сарвазири Бритониё Девид Кемерон тамошо мекардем. Вақте ки мо парчам мебардоштем ва барои Мавзуна мухлисӣ мекардем, дасти моро фишурд ва гуфт, ки “ин духтари тоҷик хеле бозии зебо нишон дод”. Фикр мекунам, ки медали биринҷӣ ба Мавзуна арзанда буд ва дар сатҳи хеле баланд худро муаррифӣ кард. Ба хотири обрӯи давлату баланд шудани парчами Тоҷикистон набард кард ва ӯ ифтихори тамоми тоҷикистониҳо аст.

Маликшо Неъматов гуфт, ки китфи Мавзуна чанд рӯз инҷониб дард дорад ва шоми дирӯз барояш пешниҳод шуд, ки агар дардаш шадид аст, аз набард даст кашад. Вале ӯ ин пешниҳодро рад кард ва гуфт, ки “ҳатман меҷангад”.

Бояд гуфт, ки Мавзуна Чориева дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон ҳам моҳи майи соли равон дар сабқати ниманиҳоӣ аз Тейлор бо ҳисоби 6:16 мағлуб шуда, мақоми севумро касб карда буд. Тейлор, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Софя Очигаваи русиягӣ бо ҳисоби 11:7 пирӯз гашт, барои бори чаҳорум бо медали тиллои сабқати ҷаҳонӣ мукофотонида шуд.

Дар қувваозмоии дигари нимфиналӣ дар вазни то 60 кг Адриана Арауҷо (Бразилия) ва Софя Очигава (Русия), қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2012), бо ҳам рақобат карданд. Ин қувваозмоӣ бо ҳисоби 17:11 ба фоидаи Очигава поён ёфт ва ӯ ба финал баромад.

Рӯзи 9-уми август, соати 20:45 ба вақти Душанбе дар қувваозмоии ниҳоӣ Кэти Тейлор ва Софя Очигава барои унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мубориза мебаранд.

То ҳоло 10 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст. Дар воқеъ, ин севумин медали олимпии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Бояд зикр намуд, ки дар миёни занони варзишгари Тоҷикистон Мавзуна нахустин ва ягона барандаи медали олимпӣ дар замони истиқлолияти кишвар маҳсуб мешавад. Дар замони шӯравӣ Зебуннисо Рустамова дар риштаи камонварӣ соли 1976-ум дар Монреали Канада барандаи медали олимпӣ шуда буд.

Бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон варзишгарони кишвар - ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд. Барои ҳар як барандаи медали тилло 300 ҳазор, медали нуқра 250 ҳазор ва биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.

Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон ба варзишгарони душанбегие, ки қаҳрамонҳои Бозиҳои олимпӣ мешаванд, манзилҳои дуҳуҷраӣ ва унвони “Шаҳрванди ифтихории Душанбе”-ро хоҳад дод. Ба варзишгарони пойтахти кишвар, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои дувумро мегиранд, мукфотпулӣ ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки ҷойҳои севумро соҳиб мешаванд, 35 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.
Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон барои барандагони ҷоизаҳои олимпӣ манзили дуҳуҷрагӣ тақдим хоҳад кард. Инчунин Ҷамъияти саҳҳомии “Ориёнбонк” ба барандагони нишонҳои олимпӣ аз Тоҷикистон ваъдаи мошинҳои сабукрави “Лексус” кардааст.

Вале 9 нафар - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Боз шаш варзишгари тоҷик дар ду ришта- таэквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард. Абдурозиқ Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “чаҳор намояндаи Тоҷикистон – гуштигирон Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов, Искандари Рустам ва Николай Ноев, ки дар Русия тамрин мекунанд, имрӯз, 8-уми август, озими Лондон шуданд. Мусобиқа дар риштаи гуштии озод аз 10-ум то 12-уми август баргузор мешавад. Мо аз Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило ва Зелимхон Юсуфов дар вазни то 66 кило натиҷаҳои баландро чашмдорем.”

Инчунин ду варзишгари ҷавони тоҷик - Фарҳод Неъматов ( вазни то 80 кг) ва Алишер Гулов (+80 кг), ки барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таэквондо ширкат меварзанд, рӯзҳои 10-ум ва 11-уми август рақобат хоҳанд кард.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG