Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозанӣ миёни тоҷикон ва арманиҳо дар Перм


Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, шаби гузашта дар шаҳри Перми Русия миёни муҳоҷирони тоҷик ва арманӣ занозанӣ рух додааст. Ба навиштаи ин манбаъ, дар ин муноқиша беш аз 40 тан аз муҳоҷирони тоҷик ва арман ширкат доштаанд.
Занозанӣ дар хиёбони Василиева сурат гирифт дар ин бархӯрди қавмӣ, ки гуфта мешавад, аз силоҳҳо низ истифода шудааст, як шаҳрванди Арманистон захм бардошта ба бемористон интиқол дода шудааст. Шоҳидони айни аз тирандозӣ ба сӯи мошинҳо иттилоъ додаанд. Мақомоти интизомӣ дар робита ба ин низоъи қавмӣ чанд нафарро ҳам боздошт кардаанд. Ин аввалин занозанӣ миёни намояндагони Тоҷикистон ва Арманистон дар ин шаҳр нест. Аз ин қабл низ дар маҳаллаи бозори Заостровке миёни тоҷикҳо ва арманиҳо муноқиша сурат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG