Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозбинии "парвандаи истаравшаниҳо" дар Хуҷанд


Ҳайати Додгоҳи олӣ имрӯз дар Хуҷанд ба бозбинии парвандаи 43 тан аз аъзои гурӯҳи 53 нафарӣ, шурӯъ кардааст.

Додгоҳи Суғд моҳи декабри соли гузаштаи 2011 панҷ нафар аз гурӯҳ: Фирдавс Каримов, Соҳиб Собитов, Исматулло Додоев, Зафар Каримов, ҳама аз шаҳри Истаравшан ва Акмал Ҳошимов, сокини ноҳияи Спитаменро бо гуноҳи мустақиман даст доштан дар ҳамлаи интиҳории соли 2010 ба бинои Бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Хуҷанд 3-юми сентябри соли гузашта ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буд.

Ин ҳамлаи маргбор чаҳор кушта ва 28 захмӣ бар ҷой гузошта буд. Ҳамчунин ҳудуди 10 тан аз ин гурӯҳ бо ҷурми роҳандозии амалиёти террористӣ ва дигарон барои ҳамдастӣ бо ҲИУ аз 8 то 30 сол равонаи зиндон шуда буданд.

Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи 6 нафар аз ин гурӯҳ, сокинони ноҳияи Истаравшан замони танаффуси бозбинии парванда дар СИЗО-и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ба Озодӣ гуфт: “Ман ва зерҳимояҳоям ҳукми қаблии додгоҳро пурра ғайриқонунӣ меҳисобем. Чунки гуноҳи ягон нафари онҳо, узвияти онҳо дар ҲИУ ва ё ҳамдастии онҳо бо ин ҳаракат замони мурофиа бо далелҳо ба исбот нарасид. Нишондодҳои онҳо зери шиканҷаву фишор вақти тафтиши пешакӣ гирифта шудааст, онҳо инро баён доштанд, аммо додгоҳ ба назари эътибор нагирифт.”

Бахтиёр Насруллоев афзуд, парвандаи як нафар аз гурӯҳи 44 нафарӣ – Суҳроб Ғафуров ба тафтиши иловагӣ баргардонида шуда, ҳоло дар боздотшгоҳи муваққатии Хуҷанд парвандаи 43 нафар мавриди бозбинии Додгоҳ Олӣ қарор дорад.

Ҳамин тавр, Тамара Юсуфова, вакили мудофеи Илҳом Усмонов, як узви ин гурӯҳи 53 нафарӣ низ қаблан гуфта буд, ки қарори додгоҳи вилояти Суғд паси дарҳои баста, бе ширкати вакилони мудофеъ қироат шуд: «Ҳоло ман аниқ кардам, ки зерҳимояам ба 8 соли ҳабс барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ бо кам кардани сеяки муҳлати адои ҷазо аз рӯи Қонуни афв маҳкум шудааст. Аммо ман ба ин ҳукми додгоҳ розӣ нестам. Ва ҳоло аризаи кассатсионӣ омода кардам, ки баъди дастрас намудани нусхаи ҳукм ба мақомоти додгоҳӣ пешниҳод хоҳам кард.»

Ба гуфтаи хонум Юсуфова, зерҳимояаш Илҳом Усмоновро 3-юми ноябри соли 2010 кормандони интизомӣ дар маҳали зисташ ноҳияи Конибодом боздошт намуда, муддати 10 рӯз ғайриқонунӣ дар маҳбас доштанд ва мавриди шиканҷа қарор доданд. Аммо тафтишоти тиббиву додгоҳӣ дар вай осори шиканҷа ва лату кӯбро ошкор накардааст.

Ба гуфтаи додрас Дадобой Гадойбоев, раиси мурофиаи парвандаи гурӯҳи 53 нафарӣ, ҳудуди 10 нафари онҳо, ки бо ҷурми роҳандозии амалиёти террористӣ гунаҳкор эълон шуданд, замони тафтишоти аввалия худро айбдор эътироф карда, аммо дар бозбинии додгоҳӣ гуфтаанд, ки иттиҳом алайҳи онҳо таҳмилӣ буд ва онро қабул надоранд.

Таркиш дар бинои Бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Хуҷанд, нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон аст, ки чаҳор куштаву 28 захмӣ бар ҷой гузошта буд.

Ба думболи он, мақомоти тафтишотӣ Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷандро омили ин ҳамла эълон карда буданд. Вай рӯзи 3-юми сентябри соли 2010 бо автомобили "ГАЗ-2104", ки маводи тарканда дошт, ба саҳни бинои мазкур ворид шуда, худро тарконид. Аммо падари вай Қурбон Каримов мегӯяд, дар ҷасади сӯхтаи ҳамлавари интиҳорӣ нишонае аз Акмалро пайдо накарда, ба ҷасади фарзандаш будани он шубҳа дорад ва аз мақомоти тафтишотӣ ташхиси ДНК - и ӯро тақозо дорад.

Ба маълумоти Раёсати амнияти Суғд, Акмал Каримов, аз соли 2009 бо иттиҳоми "одамрабоӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт ва ба Афғонистон фирор карда, муддате дар урдугоҳҳои террористӣ таълим гирифтааст. Бародари вай, Фирдавс Каримов яке аз он 5 нафарест, ки додгоҳи Суғд ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буд.
XS
SM
MD
LG