Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии ситораҳои ҳунару сиёсат аз Pussy Riot


Рассому овозхон Йоко Оно аз гурӯҳи Pussy Riot пуштибонӣ кард. Дар як нома унвонии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин беваи Ҷон Леннон навиштааст, ки “Шумо одами оқилед, набояд бо аҳли мусиқиву дӯстони онҳо мубориза бурд. Ҳуҷраҳои маҳбасро барои ҷинояткорони ҷиддӣ бояд нигаҳ дошт”.

Овозхони амрикоӣ Паттӣ Смит ҳам дар консерташ дар Стокҳолм хостори раҳоии аъзои гурӯҳи Pussy Riot шуд.

Дар Маскав дигар овозхони маъруф Мадонна бо нишони ҳамраъйӣ бо Pussy Riot бо ниқоби сиёҳи ҳамсон бо ниқобҳои духтарони ин гурӯҳ ба саҳна баромад. Ӯ ҳамчунин дар пушташ номи Pussy Riot-ро сабт карда буд ва онро ба тамошобинон нишон дод.

Ҳамчунин 120 вакили парлумони Олмон хостории раҳоии аъзои гурӯҳ шуданд.

Қарор аст, ки имрӯз додгоҳи Хамовникии Маскав санаи эълони ҳукми аъзои Pussy Riot – Мария Алёхина, Надежда Толоконникова ва Екактерина Самутсевич мушаххас кунад. Ёдовар мешавем, ки онҳо дар маъбади Масеҳи Наҷотбахш дар Маскав “муноҷоти панкҳо”-ро доир намуданд. Муҳофизакорони калисои ортодокси Русия аъзои гурӯҳро дар тавҳини мазҳаб айбдор карданд.

Додситон талаб дорад, ки ҳарсе овозхон барои “авбошӣ” ба се солии маҳбас маҳкум шаванд.
XS
SM
MD
LG