Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Покистон ба Додгоҳи олӣ даъват шуд


Раҷ Парвиз Ашраф

Раҷ Парвиз Ашраф

Додгоҳи олии Покистон аз нахуствазир Раҷ Парвиз Ашраф талаб намуд, ки сабабҳои то ҳол ироа накардани дастур барои ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи раисиҷумҳур Осиф Алӣ Зардориро шарҳ диҳад. Додгоҳ сарвари кишвар дар даст доштан дар фасод гумонбар мехонад.

Ду моҳ пеш Додгоҳи олӣ нахуствазири пешин Юсуф Ризо Гелониро дар беэҳтиромӣ нисбати додгоҳ ва надодани дастур барои тафтиши парвандаи раисиҷумҳур айбдор кард ва Гелонӣ аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳафтаи гузашта Додгоҳи Олии Покистон қонун дар бораи дахлнопазирии бархе аз мансабдорони воломақоми кишварро, ки бар пояи он ин афрод барои беэҳтиромӣ ба додгоҳ муҷозот намешаванд, мухолиф ба Қонуни асосӣ номид.
XS
SM
MD
LG