Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мадонна аз гурӯҳи Pussy Riot пуштибонӣ кард


Мадонна дар Маскав

Мадонна дар Маскав

Рӯзи сешанбе ҳангоми ҳунарнамоӣ дар Маскав овозхон Мадонна дархост намуд, ки се ҳунарманди гурӯҳи Pussy Riot аз зиндон раҳо шаванд. Рӯзи чоршанбе муҳокимаи онҳо дар додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав идома меёбад. Се хонум бо авбошӣ муттаҳам мешаванд. Ҳуқуқшиносони давлатӣ ба истилоҳ “ибодати панкӣ”-и ин гурӯҳро кӯшиши “оташ задани нафрати динӣ” ва ҳамла болои калисои ортодокси насронӣ мешуморанд. Муттаҳамҳо мегӯянд, ки амали онҳо эътирози сиёсӣ бар зидди ҳукмронии Владимир Путин будааст.
Вакили мудофиаи Pussy Riot Николай Полозов ба хабарнигорон гуфт, чизе ба ғайр аз лағви комили айбномаро қабул надорад:
Ҳар ҳукме ба ғайр аз лағви комили айбнома барои мо қобили қабул нест. Ин маънои онро дорад, ки мо ҳар ҳукмеро, ки муттаҳамҳоро муҷрим эълон мекунад, барои бозбинӣ ба додгоҳҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ хоҳем кашид.”
Маддона ба ҳозирин дар консерташ гуфт, ки ӯ барои раҳоии Pussy Riot дуо кардааст.
XS
SM
MD
LG