Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Волгоград 7000 нафар аз фурӯшгоҳ берун шуданд


Муҷассамаи ёдгории қурбониҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Волгоград

Муҷассамаи ёдгории қурбониҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Волгоград

Шоми сешанбе полиси шаҳри Волгогради Русия маълумот гирифт, ки дар фурӯшгоҳи бузурги ин шаҳр бомба ҷой дода шудааст. Мақомот маҷбур шуданд, ки ҳафт ҳазор нафарро аз фурӯшгоҳи Ворошиловский берун бароварда, кофтукоби биноро ташкил кунанд.
Ҳангоми амалиёт муштариёну фурӯшандагон аз дуконҳо ва театри дохили фурӯшгоҳ хориҷ карда шуданд ва полис дар кӯчаҳои гирду атрофи фурӯшгоҳ роҳҳоро баста, мошинҳоро ба самти дигар мефиристод.
Вале дар дохили бино маводи тарканда ёфт нашуд.
XS
SM
MD
LG