Пайвандҳои дастрасӣ

The Economist Intelligence Unit мегӯяд, дар соли ҷорӣ интиқоли пули муҳоҷирон ба 4 кишвари Шӯравии пешин ба шиддат кам шудааст.

Ин маркази мутолеотӣ Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистону Гурҷистонро дар назар дорад.

Дар гузориши The Economist Intelligence Unit мақараш да Лондон омадааст, дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ ба сабаби поин рафтани нархи нафт дар ҷаҳон, ба бозорҳои молии Русия зарба ворид шудааст ва чунин вазъ ба мизони интиқоли пули муҳоҷирони кории ин чаҳор кишвари ғайринафтӣ низ асари манфӣ гузоштааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистону Гурҷистон кишварҳои нафтхез ва ё содиркунанди нафт нестанд ва шояд суоле пеш ояд, ки поин рафтани нархи нафт чӣ тарз метавонад ба иқтисоди ин кишварҳо асари манфӣ гузорад.

The Economist Intelligence Unit, ки Маркази мутолеоти иқтисодист, дар гузориши ахири худ мегӯяд, поин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ дурнамои Даниел Кислов, коршиноси рус

Даниел Кислов, коршиноси рус

иқтисоди Русияро тира кардааст ва он метавонад ба кишварҳое, ки дастнигари пулҳои муҳоҷирони кориашон ҳастанд, таъсири харобиовар гузорад. Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷумлаи чунин кишварҳои осебпазир дониста шудаанд.

Даниел Кислов-таҳлилгари минтақаи Осиёи Марказӣ дар Маскав бо назардошти гузориши мазкур чунин мегӯяд: “Суқути нархи нафт мантиқан рушди иқтисоди Русияро кунд хоҳад кард. Дар иқтисоди Русия захираи аслии нируи кориро муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд. Дар сурати поин рафтани нархи нафт, сармоягузорӣ дар бузургтарин иншоот коҳиш меёбад. Масалан, дар бунёди шаҳракҳо ё сохтмонҳои олимпӣ шумораи хеле зиёди муҳоҷирон кор мекунанд. Дар чунин вазъ баъзе муҳоҷирон ё ба кишвари худ бармегарданд ё ба аъзои хонаводаашон пули камтар мефиристанд”.

Соли 2011 пулҳои фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик 42 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил дод. Ин нишондод дар Қирғизистон 28 дарсад, дар Арманистон 11 дарсад ва дар Гурҷистон 7 дарсадро ташкил дод. Дар ин кишварҳо бештар ба пули муҳоҷироне умед мебанданд, ки аслан дар Русия кор мекунанд. Кислов чунин мегӯяд: “Бояд аз он бим дошт, ки пули муҳоҷирони корӣ мисли занҷирест ва иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказро ба пеш мекашад. Агар ин занҷир бигсалад, иқтисоди онҳо хароб мешавад, барои он ки онҳо аз ин пулҳо маҳрум мешаванд”.

Бино ба маълумоти Бонки Марказии Русия, ки онро дар ихтиёри Маркази мутолеоти иқтисодии Лондон гузоштааст, соли 2011 муҳоҷирони Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистону Гурҷистон аз роҳи бонкҳо ба кишварҳои худ дар маҷмӯъ 6 миллиард доллар фиристодаанд. Вале маълумоти мавҷуда нишон медиҳад, ки баъд аз семоҳаи дуввуми соли 2012 ин пулҳо хеле кам шудааст. Масалан, соли гузашта дар семоҳаи дуввум пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик 37 дарсади даромади нохолиси миллиро ташкил додааст, дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли 2012 ин нишондод 12 дарсад поин рафта ва ба 25 дарсад расидааст.

Давлатмурод Ҷумъаев, як иқтисоддон ва раиси Анҷумани дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон таъмини субот ва тавозуни нарх дар бозорҳои Тоҷикистонро бо пулҳои интиқолдодаи муҳоҷирон иртибот медиҳад: “Бештар аз 90 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо пулҳои муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд. Бозори Тоҷикистонро пулҳои муҳоҷирон гардон мекунанд. Бештар аз Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик

Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик

будҷаи солонаи Тоҷикистон муҳоҷирон пул интиқол медиҳанд. Агар ин пулҳо кам шавад, иқтисод ҳам заиф мешавад. Бубинед, агар имрӯз як оилаи тоҷик аз 10 нафар иборат бошад, 6-7 нафарашон дар Русияву Қазоқистон ё дар дигар кишвар кор мекунанд ва пул мефиристанд. Аз ин ҳисоб онҳо мошин мехаранд, хона мехаранд, издивоҷ мекунанд, либосу ғизо мехаранд ва мисли ин. Агар ин пулҳо набошанд, бозори истеъмолии мардум касод мешавад”.

Дар Қирғизистон низ соли гузашта пулҳои муҳоҷирон 28 дарсади даромади нохолиси миллиро ташкил дод. Азамат Акелеев-раиси Промотобанк ва коршиноси иқтисодии Кирғизистон мегӯяд, мардуми деҳоти кишвараш бештар бо пули муҳоҷирони худ рӯзгорашонро мечархонанд: “Албатта, ин даромади қобили мулоҳиза аст. Ба вижа, дар ҷануби кишвар пули муҳоҷирон сарчашмаи аслии даромади аҳолӣ ба шумор меравад. Коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон зарбаи ҷиддӣ ба қишрҳое хоҳад буд, ки дар он манотиқ ба сар мебаранд”.

Ба ақидаи коршиносон, коҳиши пули фиристодаи муҳоҷирон метавонад дар ин кишварҳо тавозуни нархҳоро дар бозорҳои дохилӣ аз байн бибарад. Масалан, коҳиши интиқоли ин пулҳо ба нархи манзил ва мошину дороиҳои дигари манқулу ғайриманқул асар мегузорад ва тавонмандиҳои пардохтро барои аҳолӣ заиф мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG