Пайвандҳои дастрасӣ

Айбдоркунанда имрӯз аз додгоҳи минтақаи Хамовникии шаҳри Маскав барои ҳарсе узви гурӯҳи “Pussy Riot” барои авбошӣ сесолӣ ҳукми зиндон пурсид. Додситон гуфт, гуноҳи Надежда Толоконникова, Мария Алёхина ва Екатерина Самутсевич дар додгоҳ собит шуд ва онҳо бояд “ҷазои муносиб” бигиранд. Ин се духтар моҳи март дар пайи иҷрои як тарона алайҳи ҳукумати Владимир Путин дар калисои Исои наҷотбахш боздошт шуданд. Онҳоро ба авбошӣ ва таҳқири эҳсосоти мазҳабии масеҳиёни православ айбор мекунанд. Вакили мудофеъ Виоллета Волкова аммо гуфт: “Тайи 95 сол, яъне аз соли 1917 дар Русия ягон мурофиа бо иттиҳоми тавҳин ба худо набуд. Дар соли 2012 ақрабаки вақт ба қафо баргашт – ба асрҳои миёна.” Вакилони мудофеъ аз додгоҳ хостанд, ки бо судури ҳукми шартӣ дар қиболи мувакилони онҳо иктифо кунад.
XS
SM
MD
LG