Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сан Су Ҷӣ раиси кумитаи парлумон мешавад


Раҳбари мухолифини Мянмар Аунг Сан Су Ҷӣ раҳбари кумитаи нави парлумон хоҳад шуд. Қарор аст, кумитаи 15-нафарии ҳукми қонун, сулҳ ва осоиш машғули масоили марбут ба ақалиятҳои қавмӣ дар Мянмар шавад.Мақомоти Мянмар ба маҳзи нотавонӣ дар амри дифоъи ақалияти мусалмони сокини вилояти шарқии Рахин аз хушунатҳои мазҳабии моҳи июн, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт, таҳти оташи интиқод қарор доранд. Сан Су Ҷӣ – барандаи ҷоизаи сулҳи Нобул ва маҳбуси сиёсии собиқ – моҳи апрел вакили парлумони интихоб шуд. Ҳадаф аз интисоби ӯ зоҳиран намоиши азми давлат ба сӯи ислоҳот ба хотири коҳиши таҳримоти байналмилалист.
XS
SM
MD
LG