Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири дифоъи Афғонистон расман истеъфо дод


Абдулраҳим Вардак

Абдулраҳим Вардак

Вазири дифоъи Афғонистон Абдулраҳим Вардак имрӯз аз мақом истеъфо дод. Парлумон рӯзи шанбе ба ӯву вазири дохила Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ба маҳзи нокомиҳои амниятӣ изҳори нобоварӣ кард, вале раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай аз ҳарду хост, то интисоби вазирони нав ба сарпарастии ин ду вазорати калидӣ идома диҳанд. Вардак гуфт, ба қарори парлумон эҳтиром гузошта, канор меравад. Салби салоҳияти ин ду вазир метавонад нақшаи НАТО барои таҳвили масъулиятҳои амниятӣ ба нирӯҳои афғон то поёни соли 2014-ро дучори мушкилот кунад.
XS
SM
MD
LG