Пайвандҳои дастрасӣ

Солеҳӣ имрӯз бо Довудуғлу мулоқот мекунад


Алиакбар Солеҳӣ

Алиакбар Солеҳӣ

Вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ ба хотири баҳси низоъи Сурия ва рабудани даҳҳо эронӣ дар ин кишвар ба Туркия сафар мекунад. Сафорати Эрон гуфт, ки Солеҳӣ имрӯз дар Анкара бо ҳамтои туркаш Аҳмад Довудуғлу мулоқот дорад. Чирикиҳое, ки алайҳи режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад меҷанганд, рӯзи шанбе 48 эрониро дар канори Димишқ асир гирифтанд. Сухангӯи чирикиҳо дирӯз гуфт, ки 3 эронӣ бар асари ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои давлатӣ кушта шудаанд. Мақомоти эронӣ мегӯянд, рабудашудагон зоироне буданд, ки аз як мазори шиъаҳо зиёрат мекарданд. Вале чирикиҳо онҳоро аъзои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ медонанд. Солеҳӣ аз Туркия ва Қатар хостааст, ки дар раҳоии онҳо кумак кунанд. Эрон аз ёрони Сурия аст, вале Туркия яке аз мунтақидони шадиди Асад маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG