Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши худкушӣ дар зиндон. Аз бадрафторӣ ё ..?


Даромадгоҳи маҳбари Қӯрғонтеппа

Даромадгоҳи маҳбари Қӯрғонтеппа

Дар маҳбаси низомаш шадиди шаҳри Қӯрғонтеппа маҳбусе қасд ба худкушӣ карда, пас аз ҷарроҳӣ, дар шӯъбаи тиббии зиндон дар ҳоли вазнин нигоҳдорӣ мешавад.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки иллати аслии сӯйиқасди худкушии маҳбус, ки ғолибан Олим Султонов ном доштааст, норизоиятӣ аз рафтори ношоистаи кормандони маҳбас будааст, ки ӯро пайваста мавриди таҳқир қарор медодаанд.

Маҳбус, ки ғолибан Олим ном дорад, қаблан дар ШИЗО – утоқе барои вайронкунандагони низоми нигаҳдорӣ дар маҳбас, ба сар мебурд, рагҳои дасти худро тавассути алмос бурид. Барои наҷоти ҷони ӯ пизишкони бемористони марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ба зиндон даъват шуда, дар пайи амалиёти ҷарроҳӣ ин маҳкумшуда ҷон ба саломат бурдааст.

Маъмурияти маҳбаси мазкур аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ мекунад. Аммо як манбаъ аз ин муассиса гуфт, ки маҳкумшуда Олим гирифтори бемории равонӣ буда, нигаҳдории ӯ дар ҳуҷраи ШИЗО хилофи қонун мебошад. Ба қавли манбаъ, ба ин восита Олимро ба хотири истифода аз телефонии мобилӣ ҷазо дода, ҳоло наздик шудани ҳеҷ нафареро ба ҳуҷраи нигаҳдории ӯ иҷоза намедиҳанд.

Ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин гуфт, ки ба маҳкумшудагони мариз дар зиндони Қӯрғонтеппа ёрии тиббии саривақтӣ намерасонанд ва агар мерасонанд, ин кор бар ивази ришва ба кормандони муассиса имконпазир мешудааст.

Файзулло Холов

Файзулло Холов

Дар ҳамин ҳол, хабари сӯйиқасд ба худкушӣ кардани маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппаро Файзулло Холов, додситони нозири иҷроиши қонун дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон, тасдиқ кард, аммо гуфт, барои муолиҷаи маҳбусони бемор дар шӯъбаи тиббии маҳбаси Қӯрғонтеппа шароити лозим муҳайё мебошад. Вай афзуд, ҳоло сабабҳои кӯшиши худкушӣ кардани маҳбусро таҳқиқ дорад, аммо ба гумони ғолиб, ин ҳодиса ба қавле "провокатсия"-ро мемонад.

«Ҳар даҳ рӯз аз вазъи маҳбасҳо хабар мегирем. Бо маҳкумшудаҳое, ки хоҳиши сӯҳбат кардан бо кормандони додситонӣ доранд, як ба як мулоқот меороем, то ки аз ҳоли худ, аз мавридҳои поймол шудани ҳуқуқашон иттилоъ диҳанд. Тамоми шароит дар муассисаҳои ислоҳӣ барои табобати беморон фароҳам аст. Аммо маҳбусон ҳар сари чанд вақт ба воситаи гӯё кӯшиши худкушӣ кардан ё гуруснанишинӣ эълон намудан мехоҳанд, ки таваҷҷӯҳи атрофиён, аз ҷумла расонаҳои хабариро ба худ ҷалб намоянд», - гуфт Ф. Холов.

Додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар маҳбасҳои Хатлон мегӯяд, маълум кардааст, ки маҳкумшуда бо номи Олим қаблан 7 маротиба суд шуда, аз соли 2005-ум бад-ин сӯ 5 дафъа бо алмос дастҳо, шикам ва аз ду паҳлӯи гарданаш буридааст. Вай иддао доштааст, ки ноадолатона маҳкум ба зиндон шудааст. Ба
қавли додситон Файзулло Холов, маҳкумшуда Олим аз шумори тақрибан 20 маҳбуси дигари зиндони Қӯрғонтеппа аст, ки тамоюли худкушӣ доштаанд, бинобар ин, онҳо ҳамеша таҳти назорати доимии кормандони муассисаи ислоҳӣ ва пизишкон қарор доранд.

Маҳбаси Қӯрғонтеппа

Маҳбаси Қӯрғонтеппа

Ҳамзамон ташхиси пизишкони равоншинос муайян намудааст, ки ин гурӯҳи 20-нафараи тамоюли худкушидоштаи зиндони Қӯрғонтеппа дорои ақли солиму расо мебошанд.

Тибқи хабари тозае, ки тавассути маҳбусони зиндони мазкур ба дасти мо расид, маҳкумшудаи дигаре бо номи Қурбон Раҷабов қасди худкушӣ карда, ҳоло бистарӣ шудааст. Маҳкумшудаи дигар Валӣ Туймуродов низ тавассути қошуқи алюминии хурд дасту шикамашро шикофтанӣ шуда, аз ҷониби кормандони маҳбас наҷот дода шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳолати рӯҳии ин маҳбус харобу нигаронкунанда аст. Аммо мақомоти расмӣ аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Вақтҳои охир аз зиндонҳои Тоҷикистон хабарҳои марбут ба шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон зиёд ба гӯш мерасад. Ахиран ҳодисаи марги чанд маҳбуси муассисаи ислоҳии воқеъ дар ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон ҳам дар ҷомеаи маданӣ вокунишҳои шадидлаҳнеро ба бор оварда, низоми нигаҳдории маҳбусон мавриди интиқоди созмонҳои миллию байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқ қарор гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG