Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ ба Мавзуна Чориева хона хоҳад дод


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) имрӯз бо таъйиди дигарбораи ваъдаи қаблиаш гуфт, ба муштзани тоҷик Мавзуна Чориева манзили духонагӣ хоҳад дод. Раҳбари ин ташаккули мухолиф Муҳиддин Кабирӣ қаблан эълон карда буд, ки ҳизбаш ба ҳар варзишгари тоҷике, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон соҳиби медал мешавад, дар Душанбе хона тӯҳфа хоҳад кард.
Сухангӯи ҲНИТ Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳизб ҳатман ба ваъдаи худ хоҳад истод.
Мавзуна Чориева дирӯз дар даври чорякниҳоии сабқати занон дар вазни то 60 кило бар муштзани чинӣ Ченг Донг ғолиб омад ва дастикам нишони биринҷии Бозиҳои Лондонро барои худ таъмин кард. Тоҷикистонро дар ин Олимпиада 16 варзишкор намояндагӣ мекунанд, ки то имрӯз 9 нафари онҳо ноком шудаанд. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ барои барандагони нишонҳои олимпӣ аз 200 то 300 000 сомонӣ ва «Ориёнбонк» мошинҳои «Лексус» ваъда кардаанд.
XS
SM
MD
LG