Пайвандҳои дастрасӣ

Маоши Душанбе аз музофот 97 фоиз бештар будааст


Бузургтарин фарқ байни маоши миёна дар пойтахт ва музофот дар паҳнои шӯравии собиқ дар Душанбе буда, 97,2 дарсадро ташкил медиҳад. Маоши миёна дар Тоҷикистон дар моҳи май 511 сомонӣ ва дар Душанбе беш аз 900 сомониро ташкил медод. «Азия Плюс» бо такя ба гузориши нави Кумитаи омори СНГ мегӯяд, баландтарин маоши миёна дар пойтахтҳои СНГ дар Маскав буда, ба 43 272 рубл мерасад. Остона бо зери 900 доллар ва Боку бо 600 доллар дар ин сабқат дар мақомҳои дувуму севум меоянд. Камтарин фарқ байни маоши миёна дар пойтахт ва музофот – 9,7 фоиз – байни Ереван ва боқӣ вилоёти Арманистон мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG