Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон барои “Ҷоми Дӯстӣ” талош дорад


Тими мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14) дар «Ҷоми Дӯстӣ» дар Қирғизистон се пирӯзӣ ба даст овард.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ширкати шаш даста аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон дар шаҳрҳои Бишкек ва Кант ҷараён дорад.

Футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов нахуст бар тими «Динамо-Юниор»-и Омски Русия бо ҳисоби 4:1 ғолиб омаданд. Голҳо: Вафо Сӯфиев, 3 (0:1). Вафо Сӯфиев, 24 (0:2). Рустам Толибов, 46 (0:3). Калантаев, 69 (1:3). Рустам Толибов, 70+2 (1:4).

Дар даври дувум мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи аввали мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро Вафо Толибов дар дақиқаҳои 34-ум ва 57-ум ба самар расонд.

Бозии севуми футболбозони навраси тоҷик дирӯз, 6-уми август, дар варзишгоҳи «Абдиш-Ота»-и шаҳри Кант бо ҳамсолонашон аз Туркманистон баргузор шуд. Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳо: Рустам Толибов, 9 (1:0). Сӯҳроб Мӯъминов, 23 – аз пеналтӣ (2:0). Бердиев, 63 (2:1).

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа тими Қирғизистон-2 ва мунтахаби Тоҷикистон бо 9-имтиёзӣ пешсафанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қирғизистон-2

3

3

0

0

14-3

9

2

Тоҷикистон

3

3

0

0

8-2

9

3

Қирғизистон-1

2

1

0

1

14-3

3

4

Туркманистон

3

1

0

2

12-8

3

5

«Динамо-Юниор» (Омск, Русия)

2

0

0

2

2-6

0

6

«Монтажник» (Тараз, Қазоқистон)

3

0

0

3

3-31

0


Мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа боз ду бозӣ анҷом медиҳад. Футболбозони навраси тоҷик дар шаҳри Кант 8-уми август бо тими «Монтажник» (Тараз, Қазоқистон) ва 9-уми август бо дастаи Қирғизистон-2 бозӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG