Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 мулкӣ дар таркиши Кобул


Мақомоти Кобул мегӯянд, субҳи имрӯз бар асари таркиши бомбе, ки бо пулт идора мешуд, 8 нафари мулкӣ кушта ва 7 тани дигар захмӣ шудаанд. Восеъуллоҳ Миёхайл, сухангӯи волии вилояти Кобул гуфт, бомбгузор дар асл автобуси нирӯҳои Урдуи давлатиро ба ҳадаф дошт, вале бомб дар канораи ғарбии пойтахти Афғонистон ба як микроавтобуси ҳомили мусофирони мулкӣ, ки аз паси автобуси низомиҳо ҳаракат мекард ва мардумро ба ҷои кор мебурд, асобат кардааст. Як гумонбар, ки пулис узви Толибон номаш мебарад, бо таҷҳизоте боздошт шуд, ки метавонист ҳамчун пулти бомби таркида истифода шавад.
XS
SM
MD
LG