Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол озмуни "Суруди сол" дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Ҳадаф ва барномаи ин озмуни замоне бонуфуз дар миёни ҳунармандони тоҷик ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ҳамакнун дар рӯйхати ҷоизадорони озмуни мазкур на исмҳои барои мухлисони созу наво ошнову шинохта, балки номҳои наву чеҳраҳои ношинос дида мешавад.

Озмуни "Суруди сол" имсол дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд натиҷагирӣ шуд. Ба гуфтаи Набӣ Ҷалолов, корманди вазорати фарҳанг ва яке аз муттасадиёни чорабинии мазкур, имсол озмуни "Суруди сол" ба фестивал - озмун табдил ёфта ва ҳадафи аслии он кашфу муаррифии санъаткорон ва истеъдодҳои ҷавон буд.

Барои ширкат дар ин озмун 70 нафар довталабӣ карда, ба даври ниҳоӣ танҳо 20 нафар роҳхат гирифтаанд. Шоҳҷоизаи озмун насиби Ғуломҷон Миргадоев, овозхон аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, шудааст.

Набӣ Ҷалолов гуфт, “имсол тасмим гирифтем, ҳунарпешаҳои ҷавони эстрадаро пайдо кунем. Санъаткорону истеъдодҳои хуберо ҳам пайдо кардем.” Ба ин тартиб, овозхонҳои маъруфи эстрадаи тоҷик, ба монанди Ҷонибеки Мурод, Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова ва Бахтиёр Иброҳимов, имсол танҳо ба унвони меҳмонони фестивал-озмуни "Суруди сол" ширкат ва ҳунарнамоӣ кардаанд.

Ба ин шакл тағйир ёфтани озмуни "Суруди сол", ки дар гузашта чун беҳтарин чорабинии миллии мусиқӣ маҳсуб меёфт ва миёни овозхонон ҳам нуфузи зиёде дошт, боис ба нороҳатии аксар овозхонону санъатшиносон шудааст. Беҳрӯз Зеваров, муаллифи китоби "Асрори шоу-бизнеси тоҷик", мегӯяд: "Фикр мекунам, овозхонҳо ва саҳнаи эстрадаи тоҷик воқеан ба як озмуни хубу бонуфузи "Суруди сол", озмуне, ки беҳтарин овозхону сершунавандатарин таронаҳоро муаррифӣ мекунад, зарурат дорад. Тавассути чунин озмунҳо мо метавонем сарояндагони ҷавонро ба ҳунару санъат бештар ҳавасманд созем на дилсард. Бояд дар ин гуна озмунҳо на як гурӯҳи хурди овозхонҳо, балки ҳама овозхонҳои хубу боистеъдоди кишвар роҳ дода шаванд."

Ёдовар мешавем, тарҳи озмуни “Cуруди сол” шурӯъ аз соли 2003-юм аз сӯи радиои "Азия-Плюс" дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, аз сӯи тамошобини тоҷик чун беҳтарин чорабинии миллии мусиқӣ эътироф гардид буд. Аммо аз соли 2007-ум ба ин сӯ "Суруди сол" дар дасти вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи бархе аз овозхонон ин озмун шурӯъ аз ҳамон сол нуфузи худро ба тадриҷ аз даст дод ва дигар дар он сатҳе баргузор намешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG