Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавопаймо болои ал-Қоидаи Яман


 Абдурабуҳ Мансур Ҳодӣ-президенти Яман
Абдурабуҳ Мансур Ҳодӣ-президенти Яман
Шаби гузашта дар Яман ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки эҳтимол аз они ИМА мебошад, ҷангҷӯёни созмони террористии ал-Қоидаро ҳадафи ҳамла қарор додааст. Ду рӯз пеш дар Яман бомбгузории маргталабона ҳаёти 45 нафарро аз байн бурд, ки масъулияти онро бар дӯши ал-Қоида вогузор кардаанд. Маълумот дар бораи талафот аз ҳамла болои минтақаи Радоъ-собиқ истеҳкоми ал-Қоида, то ҳол нашр нашудааст. Нерӯҳои амниятии Яман иттилоъ медиҳанд, ки рӯзи душанбе дар шаҳри Ҷаъор шаш ҷангҷӯи исломӣ дастгир шудаанд. Дар ин байн Абдурабуҳ Мансур Ҳодӣ-президенти Яман ҳукме содир намуда, писари собиқ президенти ин кишварро аз раҳбарии ҳафт бригадаи горди ҷумҳуриявӣ барканор намуд. Ба қавли коршиносон президенти Яман дар чорчӯби ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳ саъй дорад, нуфузи Аҳмад Алӣ Солеҳ, писари собиқ президенти ин кишвар Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG