Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози озариҳо дар назди сафорати Эрон дар Боку


Эътирози рӯзноманигорон дар назди сафорати Эрон дар Боку
Эътирози рӯзноманигорон дар назди сафорати Эрон дар Боку
Рӯзи душанбе даҳҳо рӯзноманигори Озарбойҷон дар назди сафорати Эрон дар Боку гирдиҳамоии эътирозӣ доир намуда, раҳоии ду шоири озарӣ аз маҳбаси эрониро талаб карданд. Шаҳёр Ҳоҷизода ва Фарид Ҳусейнов бо ҳадафи ширкат дар чорабиниҳои фарҳангӣ моҳи май вориди хоки Эрон шудаанд. Моҳи гузашта расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки ду фарди ёдшуда бо хадамоти амниятии Озарбойҷон иртибот дошта, чанд нафар аз дигарандешонро ба хотири пешбурди ғояҳои ҷудоихоҳӣ сафарбар кардаанд. Равобити Озарбойҷону Эрон дар як идда масъалаҳои ҳассос ва аз ҷумла айбномаи тарҳрезии амалиёти террористӣ дар Боку аз тарафи Эрон, сард шудаанд. Соли равон Озарбойҷон 22 нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт намуд. Сабаби дигари сардшавии равобит ин аст, ки ахиран Озарбойҷон бо рақиби Эрон, яъне Исроил равобити наздиктаре бунёд намуд.
XS
SM
MD
LG