Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Сурия баъди фирор ба ошӯбгарон пайваст


Риёз Ҳиҷоб-сарвазири фирории Сурия

Риёз Ҳиҷоб-сарвазири фирории Сурия

Сарвазири Сурия ба ошӯбгарон пайваст. Рӯзи душанбе сарвазири Сурия Риёз Ҳиҷоб ба Урдун фирор кард. Ёвари Ҳиҷоб Муҳаммад ал-Атрӣ, ки ҳамроҳ бо ӯ ба Урдун рафтааст, изҳороти сарвазири Сурияро тавассути телевизион қироат кард:
Ман(Риёз Ҳиҷоб) эълон мекунам, ки сар аз имрӯз аз ин режими одамкуши террорист фирор кардам. Ҳамчунон эълон мекунам, ки ман ба сафҳои муборизони инқилоб, озодӣ ва шараф ҳамроҳ шудам. Ман аз имрӯз яке аз сарбозони ин инқилоби муборак ҳастам.”
Муҳаммад ал-Атрӣ афзуд, ки фирори сарвазир чанд моҳ инҷониб тарҳрезӣ мешуд.
Коршиносон ин амалро ҳамчун шаҳодати бурузи ихтилоф дар баландтарин сафҳои режими президенти Сурия Башор ал-Асад арзёбӣ мекунанд, ки ба рӯҳияи ошӯбгарон таъсири мусбат мерасонад.
XS
SM
MD
LG