Пайвандҳои дастрасӣ

Чориева боз бо Тейлор рӯ ба рӯ мешавад


Мавзуна Чориева баъди пирӯзиаш бар варзишгари чинӣ

Мавзуна Чориева баъди пирӯзиаш бар варзишгари чинӣ

Муштзани тоҷик Мавзуна Чориева ба қуваозмоии нимфиналии бозиҳои олимпии Лондон роҳ ёфта, ҳадди ақалл соҳиби медали биринҷӣ хоҳад шуд.
Рӯзи чоршанбе дар сабқати нимфиналӣ Чориева бо муштзани ирландӣ-қаҳрамони чоркаратаи олам Кетӣ Тейлор рӯ ба рӯ мешавад.
Дар чемпионати имсолаи ҷаҳон ҳам Чориева дар сабқати ниманиҳоӣ бо Тейлор рӯ ба рӯ шуда, аз ӯ шикаст хӯрда буд.
Чориеваи 19-сола, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, дирӯз дар сабқати чоряк-ниҳоӣ бо Ченг Донги 25-сола аз Чин рақобат кард.
Қувваозмоии пуршиддат бо пирӯзии Мавзуна Чориева аз рӯи холҳо бо ҳисоби 13:8 поён ёфт.
XS
SM
MD
LG